Дар ноҳияи Мурғоб коргоҳи хурди истеҳсоли панир аз шири қутос бунёд мешавад
ХОРУҒ, 21.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи хурди «Шири кӯҳистон» дар шаҳри Хоруғ панҷ сол пеш ба фаъолият пардохта буд. Ҳоло ин корхона тасмим гирифтааст, ки дар ноҳияи Мурғоб низ чунин корхонаи хурд бунёд кунад.
Зеро ин ноҳия макони асосии парвариши қутос дар саросари кишвар аст ва мутахассисони корхона ният доранд тобистони имсол истеҳсоли панири парҳезӣ аз шири қутосро дар ноҳияи мазкур ба роҳ монанд.
Дар айни замон тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли панир дастрас шуда, баъди каме муътадил гардидани ҳаво бунёди корхона оғоз мешавад. Ба гуфтаи сардори корхонаи «Шири кӯҳистон» Ниятбек Ниятбеков, ҳоло дар ин корхона 10 нафар кор мекунанд. Онҳо ҳамарӯза 7 намуди маҳсулоти ширӣ, аз қабили ҷурғот, чакка, қаймоқ, панир истеҳсол карда, дар бозору дӯконҳои шаҳр ва деҳоти атрофи он ба фурӯш мебароранд.
Коргоҳи хурди панирбарорӣ дар ноҳияи Мурғоб ду ҳадаф дар пай дорад. Яке ба бозори дохилию берунӣ баровардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ пок ва фоидовар, дуюм коҳиш додани сатҳи бекорӣ дар ин ноҳияи дурдаст мебошад.
Баъди ба кор андохтани корхона 10 нафар сокинони маркази ноҳия бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳамзамон садҳо нафар чорводорон имконият пайдо мекунанд, ки маҳсулоти худро бе душворӣ ба ин корхона фурӯхта, аз ин ҳисоб даромад ба даст оранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






