Дар шаҳри Исфара Форуми соҳибкорон доир гардид
ДУШАНБЕ, 19.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфара бо ҳузури намояндагони котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, Консулгарии генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, сардорон ва аъзои ассотсиатсияҳои соҳибкорони зодаи шаҳри Исфара дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия, соҳибкорони маҳаллӣ ва ҳунармандон дар мавзӯи «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа» Форуми соҳибкорони шаҳр доир гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори форум раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода «Дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, омилҳои рушди соҳибкорӣ ва беҳдошти фазои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара» гузориш манзур намуд.
Таъкид карда шуд, ки нақши соҳибкорон дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, бунёди иншооти муҳими истеҳсолӣ ва савдову хизматрасонӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳал ва дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ назаррас мебошад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки саҳмгузорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тақозо мекунад, ки иқтидори истеҳсолии 47 корхонаи саноатии шаҳри Исфара афзун гардонида шуда, иловатан бояд корхонаҳои дигари истеҳсолӣ бунёд гарданд. Дар анҷоми ин кор бахши соҳибкорӣ бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Раиси шаҳр дар радифи самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда зарурати ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар ҷодаи афзун намудани ҳаҷми истихроҷи нафту газ, бунёди корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк, истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва консерва дар шаҳрро тазаккур дод.
Роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Шараф Шерализода ва директори Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Усмониён оид ба масъалаҳои зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои нав, дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ сухан гуфта, аз имтиёзҳои аз ҷониби давлат ба соҳибкорони ватанӣ додашуда ёдовар гардиданд.
Муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо баробари ба самъи иштирокдорони форум расонидани паёми шодбошии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умед кард, ки форуми мазкур ба барқарорсозии шӯҳрати қаблии шаҳри Исфара чун яке аз шаҳрҳои муҳими саноатии мамлакат мусоидат мекунад.
Дар идомаи форум соҳибкорон бо баробари миннатдорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷҷуҳи хоссаву дастгирии доимии бахши соҳибкорӣ омодагии хешро ҷиҳати таъмиру навсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳо, сохтмони корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, таъминоти мактабҳо бо компютерҳо, бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ, кӯдакистону майдончаҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн изҳор доштанд.
Дар анҷом ба соҳибкороне, ки барои сохтмони иншоот бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом намудаанд, қарорҳои раиси шаҳри Исфара оид ба ҷудо намудани қитъаи замин ва сертификати истифодаи он, ба чанде аз иштирокдорони форум барои саҳми арзанда дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши соҳибкорон, таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, барои иштироки фаъолона дар машварат бо соҳибкорони маҳаллӣ ва Форуми соҳибкорони Исфара сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






