Дар Тоҷикистон бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ меафзояд
ДУШАНБЕ, 11.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Алҳол бунёди беш аз 10 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон босуръат идома дошта, баъди ба истифода супоридани онҳо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар ин мавзеи сайёҳии Тоҷикистон бамаротиб баланд бардошта мешавад.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода мегӯяд, танҳо дар зарфи соли сипаригардида, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида буд, бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ беш аз 15 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Кӯшониён, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг, Хуросон, Нуробод, Зафаробод, Ёвон, Мурғоб, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Ваҳдат, Конибодом, Истаравшан, Исфара ва Панҷакент меҳмонхонаҳои хурду калон бунёд гардиданд. Инчунин сохтмони биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Зумрад», Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафедара» ва тармиму таҷдиди кӯли «Варзоб» идома дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон 170 меҳмонхона фаъолият дошта, наздик ба 4,5 ҳазор кормандони субъектҳои хизматрасонии туристӣ ба сайёҳон хизмат мерасонанд. Рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар дар ҳолест, ки соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши бештари соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон се соли ояндаро солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






