ДАР ТОҶИКИСТОН «ДЕҲАИ ҲУНАРМАНДОН» ДАРИ ХУДРО БА РӮИ САЙЁҲОН БОЗ ХОҲАД КАРД. Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 08.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон «Деҳаи ҳунармандон» бунёд карда мешавад. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода 8 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки алҳол лоиҳа барои ташкили «Деҳаи ҳунармандон» дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандони ва дизайнерони Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад.
Тасмими таъсиси «Деҳаи ҳунармандон» дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки солҳои 2019-2021 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд.
Мусаллам аст, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳию фарҳангӣ буда, тоҷикон аз азал мардумони ҳунарманду фарҳангпарваранд. Хусусан маҳсули ҳунари асили бонувони чирадасти тоҷик қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Аз ҷониби Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид /ЮНЕСКО/ дар шаҳри Порт –Луиси Маврикий ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани як навъи гулдӯзии тоҷикон «чакан» шаҳодати ин гуфтаҳост.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» менависад, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар доираи тадбирҳои бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (солҳои 2019-2021) ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва муаррифии ҳарчӣ бештари захираю имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар, хусусан Бадахшон, Суғду Хатлон «деҳаҳои сайёҳӣ» таъсис дода мешуданд. Зеро сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, бештар ба минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон, урфу анъанаи сокинони кӯҳистон, хусусан рӯзгори онҳо, ки беолоишу афсонавӣ тобида, дар оғӯши кӯҳҳои осмонбус мегузарад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.









Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд






