ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ боғҳои бисёрсола барқарор карда мешаванд

Февраль 28, 2019 08:25

ДУШАНБЕ 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати барқарор намудани боғҳои бисёрсола тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар Стансияи таҷрибавии зироати гармидӯсти ноҳия вобаста ба барқарор намудани боғот дар майдони 6 га боғҳои нав бунёд гардиданд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар боғҳо дарахтони бодому шафтолу, зардолу, анҷир, анор, хурмо ва зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони ороишии сӯзанбарг сабзонида хоҳанд шуд. Майдони умумии боғи стансияи таҷрибавӣ 18 гектарро ташкил дода, дар ин мавзеъ ҳамзамон гармхонаҳои лимӯ ва сабзавотпарварӣ бунёд шуданд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки кормандони боғ дар ин мавзеъ дарахтонеро парвариш менамоянд, ки дар минтакаҳои нисбатан иқлимашон гарм сабзиши хуб доранд. Дар назар дошта шудааст, ки имсол дар ноҳия тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ» дар майдони 14 га боғу токзор барқарор карда шаванд.

Февраль 28, 2019 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад