ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Бохтар корҳои ободониву ниҳолшинонӣ вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 08.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар корҳои созандагиву ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву маҳаллаҳо бомаром идома доранд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Аз ҷумла, дар Ургутмаҳаллаи шаҳр беш аз 500 бех ниҳоли мевадиҳандаву ҳамешасабз ва 400 бех гулу гулбуттаҳо, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқанд, шинонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин маҳалла корҳои тозакунии соҳилҳо ба масофаи 500 метр анҷом дода шуда, дар он ҷо 20 дарахти арча ва 50 дарахти сояафкан шинонида шуданд.
Дар робита ба ин раиси кумитаи Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар Умедҷон Раҷабов гуфт: «Дар ин меҳнати дастаҷамъона беш аз 100 нафар сокинони Ургутмаҳалла, маҳаллаҳои Ваҳдат -1, Ваҳдат-2, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддини Румӣ-1 иштирок намуда, саҳми худро дар ободонии шаҳр гузоштанд».
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин санаи муҳими таърихӣ дар Ургутмаҳалла корҳои сохтмонӣ идома доша, айни ҳол бунёди 5 иншоот, аз ҷумла мағоза, коргоҳи дӯзандагӣ, ҳавзи шиноварӣ, сартарошхона ва ошхона ҷараён дорад.








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст






