Дастрасӣ ба маблағ барои корхонаҳои хурду миёна дар Тоҷикистон осон мегардад ва фазои соҳибкорӣ вусъат меёбад
ДУШАНБЕ, 05.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар саросари Тоҷикистон ба маблағ дастрасии бештар пайдо мекунанд. Маблағгузорӣ ҳам барои бонкҳо ва ҳам барои КХМ сабуктар, камхавф ва камхароҷот хоҳад шуд, ки он дар навбати худ барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад намуд. Феҳристи муосири уҳдадориҳои гаравӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ ба кор андохта шуд, ба амалисозии як қатор тадбирҳои сиёсӣ ҷиҳати васеъ гардонидании дастрасӣ ба маблағ барои КХМ мусоидат мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ҳамоҳангсози Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Нигина АЛИЕВА хабар дод.
Феҳристи уҳдадориҳои гаравӣ махзани маълумотест, ки ба ҳамагон дар шабакаи интернет дастрас мебошад ва он ба муассисаҳои молиявӣ барои бақайдигирии чунин амвол, ба монанди чорво, мошинолот ва воситаҳои нақлиёт имкон фароҳам меоград ва истифодаи гаравҳои манқулро барои гирифтани қарз осон мегардонад. Қонунҳои муосир дар бораи муомилоти таъминшуда ва Феҳристи уҳдадориҳои гаравӣ ба рушди иқтисодиёт ва имкониятҳои пешрафт таъсири назаррас хоҳанд расонид.
«Мусоидат дар рушди қобилияти пешниҳоди дороиҳои манқул аз ҷониби ширкатҳо ба сифати таъмини гарав ва бонкҳо дар таъмини риояи шартномаҳои дахлдори қарзӣ хавфҳоро барои ҳар ду тарафи шартнома кам мекунад», — зикр намуд Намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс — Ислоҳоти мазкур унсури муҳимтарин дар вусъатдиҳии дастрасӣ ба маблағ ва камшавии хароҷот барои КХМ ва бо ин восита ҷоннок намудани талошҳо баҳри мусоидат ба ҷалби сармоягузориҳо, навоварӣ ва шуғли аҳолӣ маҳсуб меёбад».
Бо созмондиҳии Феҳристи уҳдадориҳои гаравӣ бо мақсади бунёди заминаи зарурӣ барои низоми муосири муомилоти таъминшуда ба қарибӣ нуҳ қонуни дигар қабул гардид. Бо истифодаи «равиши функсионалӣ» нисбати муомилоти таъминшуда, Тоҷикистон як низоми мукаммалро барои созмондиҳӣ, мукаммалсозӣ, нашр ва риояи ҳуқуқҳои таъминотӣ дар заминаи принсипҳои Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқҳои тиҷорати байналмилалӣ (UNCITRAL) таъмин мекунад.
Тибқи тадқиқоти аз ҷониби Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ гузаронидашуда, ислоҳоти муомилот ба афзоиши имкониятиҳои нави қарзгирӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад. Айни замон, қариб 70% дороиҳои корхонаҳо дар шакли амволи манқул, яъне дар шакли дороиҳои ғайр аз замин ва амволи ғайриманқул, қарор доранд.
Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ созмондиҳии феҳристро маблағгузорӣ намуда, дар Тоҷикистон ба татбиқи ислоҳот тавассути Лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусӣ ва Лоиҳаи таҳкими инфрасохтори молиявӣ дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ки аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария татбиқ мегардад, кӯмак расонид.
Дар давоми омодасозии феҳрист Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкории зич ба роҳ монда, дар марҳилаи ҷорисозии он бо мақсади таъмини истифодаи васеи феҳрист ва дастгирии бонкҳо ва КХМ дар коҳишдиҳии хавфҳои (бардоштҳо) алоқаманд бо пешниҳоди дархост барои қарзҳои нав ҳамкориро идома медиҳад.








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






