Дорусозӣ самти муҳими саноатикунонии мамлакат буда, ривоҷи он бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш имконпазир аст

Февраль 11, 2019 14:42

ДУШАНБЕ, 11.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат саноатикунонии босуръати мамлкат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид.  Саноати дорусозӣ яке аз самтҳои муҳими саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар Тоҷикистон бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш ривоҷ додани он имконпазир аст. Ин матлабро имрӯз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Бино ба маълумоти номбурда, дар айни ҳол «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон»  дар таҳрир қарор дошта, дар назар аст  дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар асоси маълумоти чандсолаи таҳқиқотӣ оид ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон он бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба чоп расад.

Зикр шуд, ки «Атласи гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон» натиҷаи таҳқиқоти дастаҷамъонаи олимони институтҳои ботаника, биологии Помир, физика ва химия аст. Зеро дар он хосиятҳои гиёҳҳо омӯхта ва баҳогузорӣ карда шудаанд.

«Олимони тоҷик солҳои зиёд аст, ки дар масъалаи омӯзиши гиёҳҳои шифобахш фаъолият мекунанд. Тасмим гирифтаем, ки дар  Атлас аввалан он гиёҳҳое, ки хосиятҳои фармакологии онҳо омӯхта шуда,  фармакопия доранд, чой дода шаванд. Яъне ин гиёҳҳо пурра омӯхта шудаанд ва ҳамчун маводи доруворӣ истифода кардани онҳо имконпазир аст. Дар Атлас дар бораи тақрибан 182 гиёҳи диёр, аз ҷумла дар бораи  мавзеи паҳншавӣ, дар кадом минтақаи Тоҷикистон рӯиданаш, кадом вақт онҳоро ҷамъоварӣ кардан мумкин аст, хосияти фармакологии он ва аз он кадом доруҳоро истеҳсол кардан мумкин аст, маълумоти муфассал дода шудааст»,-зикр кард Фарҳод Раҳимӣ.

Дар робита ба ин дар Академияи илмҳо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ доир ба гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои шифобахши Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Дар Шӯро ба ғайр аз олимони Академияи илмҳо, инчунин олимони Донишгоҳи тиббӣ, Академияи илмҳои тиб, Вазорати тандурустӣ ва дигар олимон ҷалб шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар кишвари мо аз рӯи баъзе маълумот зиёда аз 3500 то 5 500 растанӣ мерӯянд, ки ҳамаи онҳо хосияти шифобахшӣ доранд. Мутаассифона, хусусиятҳои шифобахшии онҳо пурра мавриди омӯзиш қарор нагирифтаанд. Аз ин лиҳоз, Академияи илмҳо тасмим гирифтааст, ки омӯзиши гиёҳу растаниҳоро марҳила ба марҳила ба роҳ монад.

Февраль 11, 2019 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем