«Душанбе шаҳри мақбули сайёҳон», «Мурғоб ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст», шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро дар саҳифаҳои худ бозтоб намудааст.
«Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 43, чоршанбе, 27 феврали соли 2019 дар радифи нашри Фармонҳои Президенти мамлакат ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъйиноти кадрӣ дар Ҳукумати мамлакат ҳамзамон таҳти унвони «Паём ҳидоят ба рушди соҳибкорист» мақола мунташир намудааст, ки дар он омадааст: «Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ноил шудан ба нишондодҳои Стратегияи миллии рушд қадамҳои устувор гузошта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиро соли 2018 дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст намуд ва таваррумро дар сатҳи 5,4 дарсад нигоҳ дошт. Пешрафт дар бахши истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёа аз 150 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт».
Инчунин нашрияи «Ҷумҳурият» таҳти унвони «Ҳизби наҳзат зери ниқоби дин одамонро ба гумроҳӣ мебурд» маводеро аз сомонаи АМИТ «Ховар» бознашр намудааст. Муаллифи мақола муовини Вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Мирсайзод мебошад. Ҳамзамон хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳои «Иқтисоди сабз ва аҳамияти он барои рушди Осиё», «Диёре, ки шукуфтан дорад» ва дигар хабару гузоришҳоро оид ба рӯйдодҳои кишвар ва хориҷи он мутолиа намоянд.
«Садои мардум»- нашрияи Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси Олӣ дар шумораи 23, панҷшанбе, 28 феврали соли 2019 дар баробари хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат, Фармонҳои Президенти ҷумҳурӣ ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба тағйироти ахири кадрӣ дар сохтори Ҳукумати Тоҷикистон интишор намудааст. Хонандагон имкон доранд аз ин шумораи рӯзномаи парлумонӣ ҳамзамон мақолаҳои «Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ кафили волоияти қонун аст», «Шаҳритуз. 86 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт», «Ниҳолро вобаста ба ҷой дуруст интихоб бояд кард», «Душанбе шаҳри мақбули сайёҳон», «Мурғоб ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфтааст», «Фақри маърифат аз куҷо ибтидо мегирад?» ва дигар хабару гузоришҳоро мутолиа намоянд.
«Народная газета»- нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 10, чоршанбе, 27 феврали соли равон хабару гузоришҳои васеъро роҷеъ ба иштироки Президенти мамлакат дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара, инчунин иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ, ҷаласаи ХIХ Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва вохӯрии Президенти мамлакат бо намояндагони ВАО-и давлатӣ, тасдиқи Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Ангораи «Наврӯз -2019» аз сӯи Президенти ҷумҳуриро нашр намудааст.
Инчунин ҳайати эҷодии «Народная газета» мақолаю мусоҳибаҳои хонданбобро таҳти унвони «Послание –важный документ, определяющий ход дальнейшего развития страны», «Религия -путь милосердия, сострадания и всеобщей любви», «Детская преступность: причины и методы борьбы», «Джурахон Рахимзода: «Все средства измерения должны проходить поверку», «Низом Косим: «Не следует у второклассника требовать знание «Шахнаме», «В этой жизни я искал самого себя и не нашел» ва дигар хабарҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисоӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ пешкаши хонандагони худ гардонидаанд.
«Минбари халқ» нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 9, чоршанбе, 27 феврали соли 2019 хабару гузоришҳоро роҷеъ ба иштироки Президенти мамлакат дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғара, суханронии Пешвои миллат дар ҷамъомади тантанвӣ ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти ҲХДТ чоп намудааст. Инчунин дар ин шумораи «Минбари халқ» мақолаҳо таҳти унвони «Масъулият ва ташаббус», «Ҳадафи ҳукумат оромӣ ва рушди Бадахшон», «Миллат бояд зери парчами миллӣ муттаҳид шавад!», «Фаъолияти васоити ахбори омма такмил мехоҳад», «Устурасозӣ ба нафъи кист?», «Беодобиҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ», «Шаъну шарафи инсон ва сиёсат», «Нагузорем, ки замин ғайриқонунӣ истифода шавад», «Қатра» ҷой дода шудаанд, ки ба мавзӯъҳои муҳими ҷомеа бахшида шудаанд.
«Мароми пойтахт»- нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар шумораи 8, чоршанбе, 27 феврали соли равон дар радифи нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҲХДТ дар пойтахт гузориши васеъро роҷеъ ба мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ВАО-и давлатӣ, ки 20 феврад дар Душанбе доир гардида буд, тасдиқи ангора, рамз ва халтачаи соли нави миллӣ-Наврӯзи 2019-ро интишор намудааст.
Муштариёни «Мароми пойтахт» ҳамзамон аз саҳифаҳои рӯзномаи ҳизбии шаҳрӣ имкон доранд мақолаҳоро таҳти унвони «Тоҷикистон: иқдом ва ибтикороти башардӯстона», «Омода намудани кадрҳои рақобатпазир масъулият мехоҳад», «Касбияти намояндагони воситаҳои ахбори оммаи миллӣ такмил мехоҳад» ва дигар хабару гузоришҳоро мутолиа намоянд.








САВГАНДИ САДОҚАТ БА ХАЛҚУ ВАТАН! Дар шаҳри Бӯстон маросими савгандёдкунии наваскарон баргузор гардид
КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
Барои муштариёни Суғду Хатлон – тарофаҳои дорои интернети бештар
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
Ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА. Барномаи давлатии рушди оила дар Тоҷикистон ба таҳкими пояҳои оиладорӣ нигаронида шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САРСАБЗ, ГУЛПӮШ ВА НАЗАРРАБО». Андешаҳои иштирокчии Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар ин маврид
Дар Душанбе намоиши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолии муассисаҳои ислоҳӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ: Тоҷикистон дар сатҳи 95 фоиз худро бо орд таъмин менамояд






