«Фарқияти содироти мол бо воридот баробар мешавад» — бардошт аз нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд

Февраль 6, 2019 16:53

ХУҶАНД, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  кӯшиш дорад, ки ояндаи наздик фарқияти содироти молро бо воридот баробар созад. Ин нукта зимни нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зикр гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода доир ба нишондиҳандаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2018 сухан карда, баён дошт, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар соли гузашта бо натиҷаи мусбат ҷамъбаст гардиданд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки имрӯз вилояти Суғд бо 61 давлат, аз ҷумла 11 мамлакати ИДМ ва 50 кишвари хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дошта, нишондиҳандаҳои содироти мол дар соли 2018 ба 559,7 млн.доллар баробар гардид. Ин рақам нисбат ба соли 2017  10,8% зиёд гардида, воридоти мол ба вилоят 1455,9 млн.доллар ё нисбат ба соли 2017  5,8% кам гардидааст.  Ба андешаи раиси вилоят, яке аз омилҳои асосии камшавии воридот ва афзоиши содироти мол- ин ташкили коргоҳҳои дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда фаъолияткунанда ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб меравад.

Таъсиси 31 корхонаву коргоҳи нави дўзандагиро бо 534 ҷойи корӣ давоми соли 2018 бо истеҳсоли 227,5 миллион сомонӣ маҳсулот ва истеҳсоли семент дар ҳаҷми 1 миллиону 140 ҳазор тонна, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,4 маротиба зиёд аст, яке аз мисолҳои равшан дар самти заминагузорӣ дар истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ҳисобидан мумкин аст,- зикр дошт раиси вилоят.

Дар маҷмӯъ, соли гузашта дар вилояти Суғд 93 корхонаву коргоҳи нав бо 1431 ҷойи кор таъсис дода шуда, аз ҷониби беш аз 600 коргоҳи фаъол  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11,3 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ба иттилои манбаъ, афзоиши он ба 110,5 фоиз баробар аст.

Ҳамзамон илова гардид, ки дар соҳаи кишоварзӣ низ натиҷагириҳо мусбат буда, дар ин давра ба андозаи 8 миллиарду 85,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” 794,2 гектар боғу токзори нав низ бунёд карда шуданд.

Соли 2018 инчунин дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон, сармоягузорону саховатмандон, фаъолону аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ 1175 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои нишаст Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки имрӯзҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 6000 иншоот, аз ҷумла, 299 мактаб, 92 кӯдакистон, 54 қасри фарҳанг, 35 китобхона, 79 маркази тиббӣ, 10 таваллудхона, 105 нуқтаи хатнаи кӯдакон, 144 ҳаммом, 203 кошонаи ҳусн ҷараён доранд.

Февраль 6, 2019 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур оғоз гардид
Тоҷикистон ва Латвия ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ густариш медиҳанд
Ҳабибулло Назарзода дар ҷаласаи директорони генералии авиатсияи граждании минтақаҳои ИКАО иштирок намуд
Самтҳои афзалиятноки ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s» муҳокима шуд
Пагоҳ маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» доир мегардад
Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо мулоқот намуд
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо ва сармоягузории «СУҒД-2026» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд