Фарҳод Раҳимӣ: «Аргус ФТИ»-ро мутахассисони ватанӣ идора мекунанд»

Февраль 11, 2019 11:50

ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020  реактори маҳлулии ҳастаии «Аргус-ФТИ» танҳо бо мақсадҳои осоишта ба кор шурӯъ мекунад, ки фаъолияти онро мутахассисони ватанӣ идора мекунанд. Дар ин самт мутахассисон дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин омода карда мешаванд. Дар ин бора имрӯз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ посух дод. 

Бино ба маълумоти академик Раҳимӣ, дар самти амалисозии барқароркунӣ ва мавриди истифода қарор додани реактори мазкур  корҳо бомаром ҷараён доранд. Аз ҷумла, соли 2018 таъмири биное, ки дар он худи реактор ҷойгир аст, ба охир расонида шуд.

Масъалаи аз ҳама муҳим-ин омода кардани мутахассисони соҳаи технологияи ҳастаӣ мебошад. Дар робита ба ин Президенти Академияи илмҳо гуфт, ки моҳи июни соли 2018 конфронси сатҳи байналмилалӣ бо иштироки мутахассисони соҳаи реакторӣ ва соҳаи физикаи ҳастаи давлатҳои Чин ва Россия доир гардид. Дар он намояндагони  ширкати «Китайатом»,  «Росатом» ва Институти ба номи Курчатов иштирок намуданд. Дар он тамоми паҳлуҳои вобаста ба фаъолияти ин реактор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Омода намудани кадрҳо дар соҳаи технологияи ҳастаӣ ва ба кор даровардани реактори «Аргус» яке аз масъалаҳои асосии вохӯрӣ буд, ки ҳалли мусбати худро ёфтанд. Иштирокдорони он ба созиш омаданд, ки мутахассисони соҳаи технологияи ҳастаӣ дар ҳардуи ин давлатҳо омода карда шаванд.

«Қисме аз мутахассисон дар Федератсияи  Россия дар базаи институтҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ҳастаи «МИФИ» (Национа́льный иссле́довательский я́дерный университет «МИФИ́») ва дигар сохторҳое, ки ба «Росатом» тааллуқ доранд, омода мешаванд. Қисми дигар  дар базаи Институти энергияи ҳастаии Пекин, Ченду, ки онҳо бо ширкати «Китайатом» бевосита ҳамкории зич доранд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Аллакай дар ин самт аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд, ки ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар таҳсил кардаанд, 23 нафар интихоб шудаанд ва рӯзҳои наздик онҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда мешаванд. Баробари ба охир расидани корҳои барқароркунӣ дар реактор мутахассисони ватанӣ омода мешаванд ва аз ин дастгоҳ бевосита худи онҳо истифода мебаранд»,-илова кард Фарҳод Раҳимӣ.

Фаъолияте, ки бо истифодаи реактори «Аргус-ФТИ» анҷом дода мешавад, он ҳам ба нафъи инсоният ва ҳам бо мақсади осоиштагӣ равона мешавад. Яъне ба воситаи он мо метавонем корҳои илмӣ-татқиқотии муштарак ба роҳ монем. Реактори «Аргус» аввалан самтҳои фаъолияти бисёрҷабҳа дошта, метавонад дар як вақт зиёда аз 40 вазифаи илмиро иҷро кунад. Баъдан, таҳлили фаъолнокӣ асосан барои соҳаҳои геология, саноати кӯҳкорӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, тиб, биология ва саноати химиявӣ зарур ва муфид аст, ки мо имрӯз ба он эҳтиёҷ дорем.

Февраль 11, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд