Фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба зиёда аз ду миллион нафар мусофирон хизмат расонидаанд
ДУШАНБЕ, 11.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Комиссияи олии тахассусии Агентии авиатсияи гражданӣ соли сипаришуда ба 450 нафар мутахассиси соҳаи авиатсияи кишвар шаҳодатномаҳои тахассусӣ дода шуда, инчунин дараҷаи тахассусии 29 нафар мутахассисони соҳа баланд бардошта шуд. Ин матлабро зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии авиатсияи гражданӣ ва сохторҳои авиатсионии кишвар 11 феврал дар Душанбе директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон иброз дошт.
Мавсуф афзуд, ки бо мақсади таъмини бехатарии парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ ва риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии кишвар соли гузашта 36 маротиба комиссия ташкил дода шуда, дар асоси хулосаҳои он беш аз 150 шаҳодатномаҳои мутобиқати хадамотҳои марбутаи корхонаҳои авиатсионӣ дода шуданд.
Зикр шуд, ки алҳол ба мусофироне, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, чор фурудгоҳи байналмилалӣ –фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар хизмат мерасонанд. Танҳо соли сипаригардида фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз ду миллион нафар мусофир хизмат расониданд, ки аз ин омор наздик ба 70 фоизи хизматрасониҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






