«ГАНҶИНАИ НАВРӮЗ». Таҳти ин унвон дар Душанбе барномаи театрикунонидашуда баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 22 марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ганҷинаи Наврӯз» барномаи театрикунонидашуда баргузор мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин хусус қарори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани намоиши мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз — 2019 дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт мебошад.
«Дар рӯзҳои таҷлил намудани ин иди аҷдодии тоҷикон баргузории силсилабарномаҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, дар ин рӯзҳо мусобиқаи футболи хурд, теннис, саёҳати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳр ба мавзеъҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахт доир мегарданд», — хабар доданд аз дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Зимнан, Иди байналмилалии Наврӯз дар қатори Сада ва Меҳргон аз ҷашнҳои бостонии аҷдодони тоҷикон мебошанд, ки пас аз соҳибистиқлолии мамлакат ба таври бошукӯҳ таҷлил мегарданд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо – тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст».
Бояд гуфт, тибқи қарори мазкур дар рӯзҳои ид баргузории тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасур бо ҷалби соҳибкорон, инчунин намоиш ва фурӯши маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи мардум дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, 22 март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи театрикунонидашудаи «Ганҷинаи Наврӯз», 23 март мусобиқаи гӯштини миллӣ ва 24 март пойгаи аспдавонӣ баргузор мегарданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин рӯзҳо сокинону меҳмонони пойтахтро ба сайругашти оммавӣ ва тамошои барномаҳои рангини фарҳангӣ, ки дар боғҳо доир карда мешаванд, даъват менамояд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






