Гурез Қосимзода: «Дар сохторҳои маҳаллии Вазорати молия хизматчиёни давлатӣ солҳои тӯлонӣ дар як мансаб фаъолият менамоянд, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад»
ДУШАНБЕ, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 16 нафар, шаҳрҳои Ваҳдат 20, Турсунзода 18, Конибодом 14, Исфара 13, Роғун 4, ноҳияҳои Варзоб ва Лахш 10, Сангвор 8, Сомонӣ ва Ванҷ 6, Дарвоз ва Носири Хусрав 3 нафар бе риояи талаботи тахассусӣ, аз ҷумла бе доштани ихтисоси дахлдор ва собиқаи зарурӣ ба мансабҳои гуногун таъйин гардидаанд. Дар ин бора муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон ибрози назар намуд.
Ба маълумоти номбурда, дар Вазорати молия таҳлили се соли охир нишон дод, ки дар дастгоҳи марказии Вазорат аз 52 ҷойи холӣ 6 ҷой ба мансабҳои категорияи якум ва 3 ҷой ба мансабҳои категорияи дуюм рост омада, имконияти ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби захираи кадрҳо мавҷуд аст. Аммо бо вуҷуди таҳия гаридани рӯйхати ҳарсола ягон нафар аз захираи кадрҳо ба мансаби баландтар таъйин карда нашудааст.
Инчунин зикр гардид, ки дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Носири Хусрав, Зафаробод, Сомонӣ, Фирдавсӣ, Лахш ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе дастурамалҳои мансабӣ ба талаботи Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман ҷавобгӯ намебошанд.
«Дар сохторҳои маҳаллии Вазорати молия хизматчиёни давлатӣ бе риояи талаботи тахассусӣ, бе баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, инчунин солҳои тӯлонӣ дар як мансаб фаъолият менамоянд, ки бар хилофи қонунгузорӣ мебошад»,-илова намуд муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






