ХАДАМОТИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРӢ: Дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш 20 нафар ҳалок шуда, 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд
ДУШАНБЕ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 дар корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 31 ҳодисаи нохуш ва ду садамаи истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 20 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Ин нуктаро сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ҳамчунин дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш ба оилаи зарардидагон ва фавтидагон чӣ миқдор ҷуброни зарар пардохт карда мешавад, номбурда иброз дошт, ки тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ҷароҳат мебардоранд, ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулӣ дода мешавад. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ба оилаи ӯ ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад.
Ба иттилои Санъат Раҳим, сабабҳои ҳодисаҳои нохуш ва садамаи истеҳсолӣ гуногун буда, одитарини он риоя накардани техникаи бехатарӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






