Худобердӣ Холиқназар, директори МТС: «Дар меҳвари Паёми Президенти мамлакат масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифтаанд»
ДУШАНБЕ, 01.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷанбаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ҳамоише, ки имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ва коршиносону соҳибкорон доир гардид, баррасӣ шуд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар зимни баррасии ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии рушди кишвар дар Паём, моҳият ва дурнамои он ибрози назар намуда, афзуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат санади муҳими таърихӣ мебошад. Мавсуф гуфт, ки дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои он қарор гирифтаанд. Дар Паёми Пешвои миллат се рӯйдоди барои мардуми тоҷик ниҳоят муҳим дар соли гузашта махсус зикр гардидаанд. Ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ оғози татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об — «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва тавсеаи муносиботи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.
Зикр шуд, ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба рушди иқтисодиёти кишвар, хусусан ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар махусус таъкид гардидааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи рушди иқтисодиёт қадамҳои устувор мегузорад. Соли гузашта рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ /ММД/ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Инчунин пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ- бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав дар мамлакат таъсис дода шуданд. Дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз коҳиш ёфт.
Мусаллам аст, ки дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорӣ дар мамлакат «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», инчунин саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид, ки он қадами муассирест дар роҳи рушди иқтисодиёт ва аз кишвари аграрӣ ба индустриалӣ –аграрӣ табдил додани мамлакат. Бо назардошти он ки Тоҷикистон кишвари кӯҳистон ва дорои имконияту захираҳои бои сайёҳӣ буда, қисмати бештари аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ менамоянд, Президенти мамлакат дар Паёмашон ба Парлумон солҳои 2019-2021 –ро Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эъон намуданд. Ҳадаф аз эълони ин солҳо баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва вазъи иҷтимоии мардуми деҳот, инчунин рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат ва муаррифии онҳо ба ҷаҳониён мебошад.
Дар ҳамоиш ҳамчунин иштирокдорон доир ба аҳамияти нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Парлумон табодули назар карда, пешниҳодҳои судманд иброз доштанд.








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






