Хуршед Каримзода: «Соли гузашта 4280 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор гардиданд»
ДУШАНБЕ, 14.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соле, ки сипарӣ гардид, бо 110 кишвари ҷаҳон табодули мол намуд. Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода 14 феврал дар Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи мақомоти гумруки мамлакат ба хабарнигорон гуфт, ки «соли 2018 гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 4,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 470 миллион доллар зиёд аст».
Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ беш аз 3,1 миллиард доллар ба воридот ва зиёда аз 1 миллиард доллар ба содирот рост меояд. Воридот соли гузашта нисбат ба соли 2017 380,5 миллион доллар ва содирот 90,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Сохтори воридотию содиротии мамлакатро дар ин давра бештар молу маҳсулоти ниёзи аҳолӣ ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо дахли қонуншиканиҳои гумрукӣ Хуршед Каримзода афзуд, ки соли гузашта аз ҷониби кормандони воҳидҳои мубориза бар зидди ҳуқуқваронкуниҳои гумрукӣ 4280 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор гардиданд. Аз ин шумора 72- тоаш ҷиноят мебошанд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






