Имрӯз мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» оғоз гардид

Февраль 23, 2019 11:07

ДУШАНБЕ, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз расми бошукӯҳи ифтитоҳи мусобиқа барои Ҷоми «Журналистони ҷавон – 2019» миёни кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба  футболи хурд, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.

Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумтаи ҷумҳурӣ Ризо Назарзода иштирокчиёни мусобиқаро бо Рӯзи Артиши миллӣ, ки ба кушодашавии мусобиқа рост омад, муборакбод гуфта, барои дастаҳо комёбӣ орзу намуд.

Аввалин шуда дастаҳои «Омӯзгори ҷавон» ва  «Ба қуллаҳои дониш» вориди майдони рақобат шуданд.

Ба ҳамин тартиб, тибқи нақша дар мусобиқаи мазкур 13 даста дар 4 гурӯҳ барои дарёфти ҷом  аз   23 феврал то 11 марти соли равон бо  ҳам рақобат менамоянд.

Гурӯҳи «А»

  1. Телевизиони «Сафина»
  2. Телевизиони Тоҷикистон
  3. Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»

Гурӯҳи «В»

  1. Телевизиони «Синамо»
  2. Радиои «Ватан»
  3. Радиои «Имрӯз»

Гурӯҳи «С»

  1. Телевизиони «Ҷаҳоннамо»
  2. Телевизиони «Футбол»
  3. Телевизиони «Варзиш»
  4. Радиои Тоҷикистон

Гурӯҳи «D»

  1. АМИТ «Ховар»
  2. «Омӯзгори ҷавон»
  3. «Ба қуллаҳои дониш».

Ёдовар мешавем, ки  мусобиқаи мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад, дар амал татбиқ мегардад.

Февраль 23, 2019 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд