IRS: роҳи Душанбе-Чаноқ барои ҳаракати нақлиёт аз нав боз шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ядакдор ва «Фура»- ҳо) аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ, ки субҳи дирӯз дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан боздошта шуда буд, аз нав иҷозат дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали ширкати байналмилалии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон Далер АБДУЛЛО хабар дод.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт комилан озод аст.
Манбаъ ҳамзамон иттилоъ дод, ки дирӯз аз ҷониби кормандони филиали Ширкат 56 тармаи хурду бузург бартараф гардид, ки 50 адади он ба минтақаи Варзоб ва 6 ададаш ба минтақаи Зарафшон рост меояд.
Хотиррасон мешавем, ки субҳи 5 феврал бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва мавҷудияти хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуда буд.
Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст.
Мавриди зикр аст, ки қаблан Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш хоҳад буд.
«Бо дарки масъулият гуфта мешавад, ки ширкат барои нигоҳдории роҳ дар сатҳи ҷавобгӯй ба талабот маблағи зиёд масраф мекунад. Ҳоло ширкат дорои беш аз 181 техникаву механизм буда, барои тавсеаи фаъолият ва сари вақт бартараф намудани тармаҳо таҷҳизоти нав, ба монанди булдозеру трейлерҳои махсус харидааст. Масъулини ширкат боварӣ доранд, ки ронандагону мусофирон вазъиятро дуруст дарк менамоянд»,-гуфт Далери Абдулло.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






