Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё дар шаҳри Истанбул

Февраль 8, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 08.02.2019 /АМИТ “Ховар”/. Рӯзҳои 6-7 феврали соли 2019 бо ташаббуси Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии “Мармара” 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Истанбул баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия иттилоъ доданд.

Дар кори саммит роҳбарони баъзе аз давлатҳои хориҷӣ, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, Муовини Президенти Туркия, аъзои ҳукумати кишвари иқомат, вакилони мардумӣ, инчунин доираи соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои бузург аз кишварҳои Аврупо ва Осиё иштирок доштанд.

Саммит аз мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои иқтисод, сармоягузорӣ, обу энергетика,  илмӣ ва фановарӣ иборат буд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саммит муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода муаррифӣ намуд.

Зимни суханронӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030, имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар,  лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла оғози фаъолияти агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун”, “CASA-1000”, минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ маълумот дод.

Февраль 8, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд