Иттифоқи «Тоҷикматлубот»: зиёд шудани дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба паст шудани нарх мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 05.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 ба воситаҳои ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои сокинони шаҳри Душанбе 749 тонна маҳсулот бо нархҳои аз бозор нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шуд. Барои таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2018 дар ҳаҷми умумии 1026 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба саволи хабарнигорон дар мавриди гуногунии нархҳо дар ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ номбурда зикр намуд, ки нархҳо зери назорати доимӣ қарор доранд.
«Паст намудани нархҳо вазифаи асосии мо буда, дар ин самт ҳолати бозори яклухт, нарх ва маҳсулот мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ярмаркаҳои озуқаворӣ нархҳо нисбат ба бозорҳо ҳамеша поёнтаранд»,- илова намуд муовини раиси«Тоҷикматлубот».
Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳолати аз ҷониби сокинон пайдо шудани эътироз онҳо метавонанд ба «Тоҷикматлубот» муроҷиат кунанд. Дар ин ҳолат тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Айни замон ҷамъияти «Тоҷикматлубот» бо истифода аз мошинҳои сайёр ярмаркаҳо ташкил намуда, ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод менамояд.
«Бо мақсади таъмини сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ мо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Душанбе бо пешниҳод муроҷиат намудем, ки дар ҳудуди пойтахт нуқтаҳои фурӯши сабзавот ташкил намоем. Ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Агар ин масъала мусбат ҳал гардад, дар ин ҳолат мушкилоти зиёди мавҷуда ҳалли худро меёбанд. Зеро дар сурати зиёд шудани дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ нархҳо арзон шуда, аҳолӣ сари вақт бо маҳсулоти хушсифат таъмин карда мешавад», — зикр намуд номбурда.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






