Калобаҳои риштаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии наху риштаи Истанбул муаррифӣ мегарданд

Февраль 27, 2019 15:01

ДУШАНБЕ, 27.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Панҷ корхонаи ресандагии Тоҷикистон —   «Ваҳдат Текстил», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Ресандаи Қӯрғонтеппа», «Спитамен Текстайлз» ва «ХИМА Текстил» дар Намоишгоҳи байналмилалии  наху риштаи  Истанбул, ки аз 28 феврал то 2 марти соли 2019 дар пойтахти тиҷоратии Туркия доир мегардад, калобаҳои риштаи пахтагини Тоҷикистонро   муррифӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки сафари ҳайати Тоҷикистон ва иштирок дар ин намоишгоҳ бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар доираи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ сурат мегирад. Намояндаи ширкати консалтингии «ACT Development Group», шарики маҳаллии МТБ дар ин намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистонро роҳбаладӣ мекунад.

Намоишгоҳи байналмилалии наху риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад. Дар намоишгоҳи  Истанбул, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра ба тамошо гузошта мешаванд.

Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Истанбул имкони хубест, то онҳо маҳсулоти худро дар саҳнаи байналмилалӣ, махсусан ба харидорони эҳтимолӣ аз Туркия ва кишварҳои дигар намоиш бидиҳанд.

Директори иҷроияи ширкати «ACT Development Group» Рустам Шодибеков мегӯяд, ки «намоишгоҳи байналмилалии  Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботи бозор ва равандҳои ҷории  он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳо кашф созанд».

Февраль 27, 2019 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд