Кумитаи андози ҷумҳурӣ 722 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳоро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки эъломияҳои худро ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ пешниҳод менамоянд, 18 ҳазору 850 адад зиёд карда шудааст. Айни ҳол 78 ҳазору 400 нафар андозсупорандагон эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намудаанд ва дар ин самт чораҷўиҳо идома доранд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Ба иттилои мавсуф, соли гузашта тибқи нақшаи тасдиқшуда ва дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба фаъолияти 1850 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузаронида шуд. Дар натиҷа ба маблағи 722 млн. сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби маблағҳои солҳои қаблӣ ошкоршуда дар маҷмўъ 704 млн. сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шуд.
«Дар ин давра дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз 4500 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул гардидани шахсони воқеӣ, зиёда аз 3500 ҳолати бе шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб намудани коргарони кироя, 900 ҳолати бе қайди мақомоти андоз ба иҷора додани объектҳои молу мулки ғайриманқул ошкор карда шуда, ба қайд гирифта шуданд»,- зикр намуд номбурда.
Ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, дар маҷмӯъ зимни анҷом додани корҳои назоратӣ зиёда аз 25 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи 208,7 млн. сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуда, ба буҷети ҷумҳуриявӣ 162 млн. сомонӣ маблағҳо ворид карда шуданд.








Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем






