Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: «Хавфи тармафароӣ зиёд аст. Аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоед!»
ДУШАНБЕ, 15.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, дар натиҷаи боришоти шадиди барф дар роҳҳои мошингарди Душанбе–Рашт-Лахш, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб, инчунин дар ағбаи Қизил-Арт ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор гардидааст.
Имрӯз, 15 феврал, соати 05:40-и субҳ дар қисмати роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷ, дар наздикии деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз тармафароӣ ба қайд гирифта шуд. Айни замон роҳи Дарвоз-Ванҷ пурра тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт оғоз ёфтааст. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳамчунин дар қитъаҳои гуногуни роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим фаромадани ҳафт тарма ба қайд гирифта шуд. Роҳи мазкур баста аст. Барои тоза намудани роҳҳо таҷҳизоти махсуси хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёти мамлакат ҷалб гардида, корҳо идома доранд.
Дирӯз дар километрҳои 79, 80, 81 ва 82-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ низ фаромадани тармаҳо ба қайд гирифта шуд. Барои бартарафсозии ҳолати рухдода техника ва таҷҳизоти ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) истифода шуда, ин қисмати роҳ пурра аз барф тоза карда шуд.
Дар километри 100 ва 120-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Душанбе шумораи зиёди мошинҳои боркаш, ки ба шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, танба шудаанд. Барои таъмини бехатарӣ воситаҳои нақлиёт дар мавзеъҳои бехавфи роҳ ҷой дода шудаанд. Аз ҳисоби Ҳукумати вилояти Суғд, ширкати “Innovative Road Solutions” (IRS) ронандагоне, ки дар роҳ мондаанд, бо хӯроки гарм таъмин карда шудаанд.
14 феврали соли 2019 наҷотдиҳандагони гурӯҳи фаврии Кумита дар минтақаи Зарафшон, воқеъ дар ноҳияи Айнӣ 19 адад мошинро аз километри 71 ва 72-юми ноҳияи Варзоб ба макони бехавф интиқол доданд.
Бо мақсади таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон роҳи мошингарди Варзоб-Айнӣ баста аст. Корҳои тозакунии боқимондаҳои тармаҳо идома доранд.
Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи гармшавии ҳарорати ҳаво хавфи эҳтимолияти фаромадани тармаҳо ва сангрезиш афзоиш меёбад. Бинобар ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба минтақаҳои осебпазири кӯҳӣ худдорӣ намоянд.








Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд






