Мақсади Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон беҳтар намудани шароити таҳсил тавассути бунёди биноҳои нави мактабҳост
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар доираи се Лоиҳа фаъолияташро ба роҳ мондааст. Давраи татбиқи марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» аз 1 июни соли 2014 то 30 июни соли 2018 ва марҳилаи чоруми он аз 1 июли соли 2018 то 31 декабри соли 2020-ро фаро мегирад. Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» аз 1 апрели соли 2013 то 31 декабри соли 2017 муқаррар гардида, муҳлати он аз ҳисоби маблағҳои боқимондаи суратҳисоб то 31 декабри соли 2018 тамдид карда шуд. Ин нуктаро 15 феврал директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба зикри номбурда, мақсади асосии барномаҳо- ин беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои фарогир тавассути бунёди биноҳои нави мактабӣ ва таъмини таҷҳизоту инфрасохтори онҳо бо истифодаи сифати мувофиқ, инчунин омӯзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
«Дар марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, дар марҳилаи чорум 12 шаҳру ноҳияи вилоят ва Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» 3 ноҳияи ин минтақаро фаро гирифтааст. Соли 2018 дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юм дар вилояти Хатлон 3 лоиҳаи мактабӣ ва 1 лоиҳаи технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар доираи марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар вилояти Хатлон ба ҷои 14 лоиҳаи пешбинишуда 17 лоиҳаи мактабӣ, 9 бинои технологӣ ва 3 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол амалӣ гардиданд. Иқтидори лоиҳавии 17 бинои таълимӣ дар як баст 3 ҳазору 336 ҷойи нишаст ва 9 бинои технологӣ 648 ҷойи нишастро ташкил медиҳад»,- гуфт Шералӣ Сиддиқзода.
Инчунин соли 2018 дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод 1 лоиҳаи сохтмони бинои таълимӣ ва 4 лоиҳаи технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Лоиҳаҳои технологӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар равона гардида, бунёди биноҳои сесинфхонагӣ барои дарсҳои таълими меҳнат пешбинӣ шудаанд. Дар онҳо хонандагон имконияти омӯзиши асосҳои касбҳои дуредгарӣ, харротӣ, дӯзандагӣ ва пазандагиро пайдо мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи татбиқи Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» 12 бинои таълимӣ бо иқтидори лоиҳавии 2 ҳазору 352 ҷои нишаст дар як баст, 6 бинои технологӣ бо иқтидори лоиҳавии 432 ҷои нишаст ва 1 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.








дар моҳҳои январ — марти соли 2026 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон ба 1 миллиарду 240 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Ба мақомоти марбута супориш дода шуд, ки сохтори содирот ба таври куллӣ такмил ёфта, истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки содиротӣ, бахусус дар соҳаҳои саноати коркард ва кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, вазъи ҷалби сармоя, истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таҳлилу баррасӣ намуданд. Дар соҳаи кишоварзӣ аз масъулини соҳа истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, истифодаи сарфакоронаи захираҳои об талаб карда шуд. Дар ин замина, супориш дода шуд, ки баланд бардоштани ҳосилнокӣ, рушди пахтакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, инчунин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ таъмин карда шавад. Масъалаи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ махсус таъкид карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт






