Марказҳои тадқиқоти стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро тавсеа медиҳанд

Февраль 8, 2019 13:14

ДУШАНБЕ, 08.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ниҳодҳои  пажуҳишии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон –Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории  мутақобилан судмандро беш аз пеш густариш медиҳанд.

Директори тозатаъйини  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода 8 феврал дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки дар доираи тавсеаи ҳамкории ду ниҳоди пажуҳишӣ як гурӯҳ кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки нимаи дуюми моҳи феврал дар Тошканд доир мегардад, иштирок менамоянд. Мусаллам аст, ки соли 2018 дар шаҳри Душанбе байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти минтақавӣ ва стратегии назди Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд.  Тибқи ин санади  ҳамкорӣ, ниҳодҳои пажуҳишии ду кишвари ҳамсоя робитаҳоро тақвият бахшидаанд.

Инчунин дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо марказҳои пажуҳишии  кишварҳои ҷаҳон, назири Россия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон,  Туркия, Латвия, Литва ва Полша  густариш медиҳад.

Ҳамзамон Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /СААД/, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд /БОР/,  Хазинаи Байналмилалии Асъор /ХБА/,  Созмони  Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ /СОҲБ/,  Маркази Дипломатияи пешгирикунанда дар Ашқобод ҳамкории густурда дошта, узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми СҲШ ва яке аз муассисони Академияи  САҲА дар шаҳри Бишкек мебошад.

Февраль 8, 2019 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад