Маркази миллии тестӣ барои омода намудани кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ давраҳои омӯзишӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 марти соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии довталабон оғоз меёбад. Дар робита ба ин Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази мазкур хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, Маркази миллии тестӣ бо мақсади омӯзиш ва интихоби роҳбарон, ёварони роҳбарон, бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгирӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди бақайдгирии довталабон барои иштирок дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ аз 4 феврали соли равон семинарҳои омӯзишӣ оғоз намуд.
Зикр гардид, ки мувофиқи нақша дар низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2019 дар 31 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 36 нуқтаи доимии бақайдгирӣ бо теъдоди 140 истгоҳи корӣ ва дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешаванд. Тибқи эълон тариқи электронӣ 350 нафар хоҳишманд бо мақсади иштирок дар озмун барои интихоби кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирӣ ариза (бо ҳуҷҷатҳои дигар) пешниҳод намудаанд. Аз ин шумора, мувофиқи таҳлилу баррасии ҳуҷҷатҳои пешниҳодкарда, 347 нафар шахси аризадода ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Барои баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Рашт ва Данғара аз ҷумлаи кормандони марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Тибқи барнома, семинарҳои омӯзишӣ барои 14 гурӯҳ дар шаҳрҳои мазкур то 16 феврал давом меёбанд.
Дар асоси озмун шахсони ба талабот ҷавобгӯй ва дорои донишу маҳорати бештар барои кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ интихоб карда мешаванд.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






