Мавлуда Қаландарзода: «Сифати баррасии парвандаҳо беҳтар ва бекоршавии санадҳои судӣ кам гардидааст»

Февраль 6, 2019 14:50

ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида сифати баррасии парвандаҳо беҳтар ва бекоршавии санадҳои судӣ кам гардид. Дар ин бора Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Қаландарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ба гуфтаи М. Қаландарзода, соли 2018 317 парванда дар марҳилаи кассатсионӣ, 260 —  то бо роҳи назоратӣ ва 14 адад дар Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ зиёда аз 3 ҳазору 300 ариза ва шикояту дархост ворид гардида, аз ин шумора дар марҳилаи якум 2 ҳазору 629 адад баррасӣ гардиданд», — гуфт мавсуф.

Зикр гардид, ки соли 2018 зиёда аз 1 ҳазору 700 адад парвандаҳо моҳиятан баррасӣ ва аз рӯи онҳо ҳалномаҳои судӣ қабул карда шуданд.

«Соли 2018 сарбории судяҳо 3 ҳазору 220 ададро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бештар аст. Бекоршавии қарорҳои судӣ 36 адад мебошад. Назар ба соли гузашта сифати баррасии парвандаҳо беҳтар ва бекоршавии санадҳои судӣ кам гардид», — афзуд Мавлуда Қаландарзода.

Гуфта шуд, ки соли сипаригардида зимни муроҷиат ба судҳои иқтисодӣ  аз рӯи тамоми аризаҳои воридгардида зиёда аз 5 миллиону 362 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт гардид.

Февраль 6, 2019 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст