Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Февраль 15, 2019 09:30

ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба шаҳри Москва 12 феврал дар Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва вохӯрии директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов бо муовини директори ин Ассотсиатсия Александр Разинов  баргузор шуд. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ доир ба  густариши муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба, воридоти технологияи нав ба вилояти Суғд,  ба роҳ мондани содироти асал, хушкмеваҳо ва дигар молу маҳсулот ба шаҳри Москва гуфтушунид доир гардид.

Дар интиҳои мулоқот бо мақсади пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баргузор намудани барномаҳои мухталиф миёни соҳибкорони ду минтақа Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва  ба имзо расид.

Февраль 15, 2019 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд