Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ созишнома ба имзо расид

Февраль 4, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврали соли 2019 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар асоси даъвати Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал—Усмон Фахру ба Давлати Қатар сафар намуд.

Дар доираи сафари мазкур Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар аз ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, ки 5-7 феврали соли 2017 бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор  гардида буд, маншаъ мегиранд.

Бояд гуфт, ки Созишномаи мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии тарафҳо эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони аморотӣ ба роҳ монда мешавад.

Зимни сафари мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоӣ  Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявӣ Иброҳим ал-Дуҳейлӣ ва муовини Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти касбӣ ва таълими калонсолон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Февраль 4, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд