Мизоҷони корхонаи дӯзандагии Хоруғ сол аз сол бештар мегарданд
ХОРУҒ, 16.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи дӯзандагии шаҳри Хоруғ, ки ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб аст, дар таъмин намудани ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо либоси гарм нақши назаррас дорад.
Сардори корхонаи мазкур Рухшона Сарадова гуфт, ки «онҳо асосан бо фармоиши воҳидҳои низомӣ дар минтақа барои афсарону сарбозон либос ва ҷиҳози хоб медӯзанд. Зиёд шудани фармоишгарон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сифати маҳсулоти истеҳсолкардаамон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ аст. Соли гузашта корхона ба маблағи 3 миллион сомонӣ ҷиҳози рахти хоб ва либосҳои зимистонаву тобистонаро барои сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯхта, сари вақт ба қисмҳои низомӣ интиқол дод. Ба гуфтаи сарвари ин корхона, вақте ки маҳсули дасташон дар тани мизоҷон шинаму зебо метобад, онҳо аз ин хеле хушҳол мегарданд ва дилашон ба касбу кор боз ҳам гармтар мегардад».
Рухшона Сарадова баъди хатми Донишкадаи техникии Тоҷикистон аввали солҳои 90-ум ба сифати муҳандис дар яке аз корхонаҳои овозадори дӯзандагии шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз кард. Аммо баъди суқути собиқ давлати Шӯравӣ ва оғози даргириҳои дохилӣ корхонаи дӯзандагӣ-хусусӣ ба маркази таълимӣ табдил дода шуда, ӯ мисли дигар ҳамкорон бозорнишин шуд.
Соли 2011 дар шаҳри Хоруғ корхонаи дӯзандагӣ аз нав эҳё гардид. Аксарияти коргарони корхонаи собиқ боз ба кор ҷалб карда шуданд. Дар солҳои аввал ҳамагӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекарданд. Баъдан корхона фаъолияташро густариш дода, дар баробари воҳидҳои низомӣ фармоиши идораву муассисаҳои таълимию тандурустиро ҳам қабул мекард. Мизоҷони нав аз сифати молашон қаноатманд буда, робитаро бо ин корхона бештар тақвият мебахшанд.
Корхонаи дӯзандагии Хоруғ бо ширкати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон тирамоҳи соли 2011 ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар айни ҳол дар он зиёда аз 60 нафар кор мекунанд.
Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шафати ин корхона санги асос барои бунёди як бинои муосири дӯзандагӣ гузошта шуд. Баъди фаъол шудани корхонаи нав боз 200 нафар занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд гашт.








СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад






