Н.Ҳикматуллозода: «Соли 2018 ҳаҷми номиналии ММД-и мамлакат то 68,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт»
ДУШАНБЕ 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) кишвар то 68,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, рушди иқтисодӣ 107,3 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 0,2 банди фоиз зиёд мебошад. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода баён гардид.
Н.Ҳикматуллозода инчунин иброз намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2018 зиёда аз 23872,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 11,8 фоиз афзудааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ соли сипаригардида зиёда аз 26370,3 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати рушди он нисбат ба соли 2017 4,0 фоиз афзоиш ёфтааст.
Вазир зикр намуд, ки дар сохтмони асосии ҷумҳурӣ ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ соли 2018-ум 13051,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017 7,8 фоиз афзоиш ёфтааст. Сарчашмаи дигаре, ки дар сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ муҳим арзёбӣ мегардад, ин сармояи хориҷӣ мебошад. Аз ин ҳисоб соли 2018 дар маҷмӯъ 4202,3 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардид.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






