Намояндагони ноҳияи Мастчоҳ бо дастовардҳои соҳибкорони Ӯзбекистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 16–17 феврали соли равон як гурӯҳ соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ бо роҳбарии раиси ноҳия Ғайрат Азиззода бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо дастовардҳои соҳибкорони давлати ҳамсояи Ӯзбекистон ба шаҳру навоҳии Тошканд, Самарқанд ва Жонбойи кишвари ҳамсоя сафар карданд.
Тибқи иттилои нашрияи маҳаллии «Нигоҳи халқ», зимни сафар соҳибкорони ноҳияи Мастчоҳ аз боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, гармхонаҳо, фермаҳои чорводорӣ, корхонаҳои истеҳсоли мебел ва коркарди чормағзи заминӣ, озмоишгоҳи истеҳсоли дарахтони серҳосил боздид намуда, бо соҳибкорони Ӯзбекистон суҳбату мулоқот анҷом доданд.
Дар ин сафар соҳибкорон Абдураҳмон Валиев, Абдуғанӣ Шарипов, Устосафар Олимов, Ниёз Ниёзов ва Урмон Тошов, ки ноҳияи Мастчоҳро намояндагӣ мекарданд, бо ҳамтоёни ӯзбеки худ барои оғоз ва рушди ҳамкории дутарафа мубодилаи афкор намуданд.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода пас аз анҷоми сафар зикр намуд, ки соҳибкорони давлати дӯсту бародари Ӯзбекистон ва ҳайати ноҳияи Мастчоҳ аз таҳкими муносиботи дӯстонаи ду ҷумҳурии ҳамсоя изҳори хурсандӣ карда, шарики стратегӣ эълон шудани Тоҷикистону Ӯзбекистонро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат маънидод намуданд.
«Боз шудани сарҳад ва таҳкими равобити ду давлати ҳамҷавор на танҳо равуои сокинонро осон кард, балки ба равнақи ҳамкории судманд дар соҳаҳои мухталиф замина гузошт. Ноҳияи Мастчоҳ ноҳияи сарҳадист ва аз рушди ҳамкории соҳибкорони ноҳия бо соҳибкорони навоҳии он тарафи марз манфиатдор аст. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо саъй менамоем, ки дар самти ҳамкории судманд, махсусан рушди соҳибкорӣ замина ва шароити мусоид фароҳам оварем»,-изҳор дошт раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






