Насим Олимзода: «То соли 2021 тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 560 муассисаи тандурустӣ таъмиру навсозӣ карда мешаванд»

Февраль 8, 2019 14:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  То соли  2021  тибқи супориши  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд 560 муассисаи  тандурустӣ таъмиру навсозӣ карда шаванд.   Матлаби мазкурро имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода баён намуд.

Н.Олимзода ҳамчунин иброз дошт, ки барои таъмири ин иншоот маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида бошанд ҳам, дар назар аст, ки дар доираи маблағҳои грантии бонкҳои ҷаҳонӣ, олмонии рушд, осиёии рушд, исломии рушд, Алянси глобалии ваксинатсия ва иммунизатсия зиёда аз 90 муассиса таъмиру барқарор карда шаванд.

Ҳамчунин зимни нишасти имрӯза зикр карда шуд, ки дар доираи лоиҳаҳои  инвеститсионӣ соли 2018 дар зиёда аз 120 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва зиёда аз 20 шуъбаҳои беморхонаҳои ноҳиявӣ корҳои таъмирию сохтмонӣ анҷом дода, 4 корхонаи хусусии коркарду истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз гиёҳҳою ашёи ватанӣ ва 586 ҳуҷраҳо  барои гузаронидани хатна ташкил гардиданд.

Дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар доираи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» 20 маркази саломатии деҳот дар шаҳру ноҳияҳои пилотӣ таъмиру навсозӣ гардиданд. Ин марказҳо  пурра бо таҷҳизоту дастгоҳҳои ташхисӣ ва нақлиёти санитарӣ  таъмин гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Соли 2019 дар назар аст, ки  дар доираи ин лоиҳа  боз 17 маркази саломатӣ ба истифода дода шавад.

Февраль 8, 2019 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад