НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Cоли 2018 дар Тоҷикистон 131 корхона ва коргоҳҳои нав бунёд гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 131 корхона ва коргоҳҳои нав бо 1792 ҷойҳои нави корӣ бунёд гардиданд. Дар ин бора Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода 12 феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба маълумоти номбурда, дар айни ҳол дар мамлакат беш аз 2097 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи кохонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соли 2018-ум 127 ва дар соли 2017-ум 180 ададро ташкил дод. Сабабҳои фаъолият накардани қисме аз ин корхонаҳоро Вазири тозатаъйин дар мавсимӣ будани онҳо ва қисми боқимондаро дар набудани ашёи хом, маблағҳои гардон ва мутобиқат накардани технология арзёбӣ намуд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои саноатӣ ба хориҷи кишвар масолеҳи рангубор, маҳсулоти пенопористиролӣ, алюминияи аввалия, арматураи сохтмонӣ, семент, гипсокартон, кунҷакҳои металлӣ, сими металлӣ, хӯлаҳои алюминий, металлҳои қиматбаҳо, орд, биринҷ, равғани растанӣ, маҳсулоти қаннодӣ, ангишт, меваи хушк, консерваи меваю сабзавот, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, спирти этилӣ, мошинҳои кишоварзӣ, мусалласи ангур, намаки ошӣ, ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, нахи пахта, риштаи пахтагин, матои пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, маснуоти қолинӣ, ҷӯробҳо, маснуоти кешбофӣ ва нахи абрешим содир намудаанд.








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд






