НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ: Соли 2018 беш аз 1 миллион нафар сайёҳон аз Тоҷикистон дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 шумораи сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон дидан намуданд, 1 миллиону 155 ҳазор нафарро ташкил дод. Ин нишондод нисбат ба соли 2017 2,6 маротиба зиёд мебошад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин давра 751 ҳазор нафар сайёҳони дохилӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, муассисаҳои санитарию курортӣ ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ боздид намуданд.
Н. Абдуғаффорзода афзуд, ки соли 2018 ба 75 ширкати сайёҳӣ иҷозатномаи фаъолият дода шуд. Дар айни ҳол дар мамлакат 145 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.
«Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 4,3 ҳазор нафар ба соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба соли 2017 1679 ҳазор нафар зиёд мебошад. Даромад аз хизматрасониҳои сайёҳӣ 214 миллиону 36 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017 65,2 миллион зиёд мебошад», — гуфт Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Имрӯз дар кишвар 170 меҳмонхона фаъолият дошта, 41 адади дигар дар ҳоли бунёд қарор доранд.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид






