Нусратулло Давлатзода: «Соли 2019 назорати андозҳо беҳтар гардида, 11 модули нави электронӣ ба роҳ монда мешаванд»

Февраль 14, 2019 15:35

ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 100,6% таъмин гардида, ба буҷет 10 млрд 523,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 62,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Матлаби мазкурро Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.

Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон якчанд модулҳои нави электронии хизматрасонӣ ва маъмурикунонии андоз омода гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.

Инчунин бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў намудани барномаҳои Системаи иттилоотии андоз ва ба роҳ мондани намудҳои нави хизматрасонӣ боз 11 модули алоҳида, аз ҷумла, «Равзанаи ягона», «Бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ», «Бақайдгирии шахсони воқеӣ», «Бақайдгирии мошинҳои назорати хазинавӣ», «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», «Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт» ва ғайраҳо  омода карда шудаанд. Ин намуди хизматрасониҳо моҳи марти соли 2019 ба роҳ монда шуда, имконият медиҳанд, ки ташкили кор ва назорати андозҳо беҳтар карда шавад.

«Дар барномаи бақайдгирии давлатӣ — «Равзанаи ягона» аз оғози соли 2018 модули нави хизматрасонӣ мавриди амал қарор дода шуд. Барномаи мазкур имконият дод, ки муроҷиаткунандагон ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ пешниҳод намоянд»,- иброз намуд Раиси Кумитаи андоз.

Ба зикри мавсуф, дар ин давра аллакай зиёда аз 4300 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ муроҷиат намуданд. Инчунин ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ чораҷўӣ идома дорад.

Ҳамзамон зимни нишаст гуфта шуд, ки тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ то 1 январи  соли 2019 дар ҷумҳурӣ 315,8 ҳазор субъектҳои хоҷагидори амалкунанда мавҷуд мебошанд, ки нисбат ба 1 январи соли 2018  14 ҳазору 580 адад зиёд аст.

Февраль 14, 2019 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд