ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст

Февраль 16, 2019 09:06

ДУШАНБЕ, 16.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25, инчунин то 28-30 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 16, 2019 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд