ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 08.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона аз 3-8 то 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 9-14 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 10-15 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -4+1 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 6-8 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






