ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд
ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар доманакӯҳҳо рӯзона ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба -2+3 дараҷа расида, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+3 ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 2-7 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -3+2 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона -4+1 ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар кӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз сафари бемаврид ба ноҳияҳои дурдаст худдорӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






