ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12-17 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 25-30 ва рӯзона 11-16 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона ҳаво 7-2 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -1+4 дараҷа мерасад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 7-12, инчунин то 15-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-2 дараҷа гарм мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






