ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва барф дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят барфи кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, рӯзона дар водиҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа сард шуда, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ боришот шиддат меёбад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва баъзан то 10-12 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, рӯзона борон меборад. Дар охири рӯз борон ба барф табдил меёбад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






