ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
ДУШАНБЕ, 13.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -1+4 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 13-18 ва рӯзона 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -1+4 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, борон ба барф табдил меёбад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот шиддат меёбад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорат дар кӯҳҳо шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон меборад. Дар охири рӯз гузариши борон ба барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6-8 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






