ОГОҲИНОМА

Февраль 28, 2019 11:53

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ташкилкунандаи озмуниинтихоби пудратчиён бо ҳуқуқи бастани шартнома барои “Иҷро намудани корҳои сохтмонӣ дар соли 2019 аз рӯи қисмҳои алоҳидаи Лоти 3 (Сохтмони иншоотҳои соҳили рост) ва лоти 4 (Сохтмони иншоотҳои соҳили чап) нерӯгоҳи барқи обии Роғун” батаваҷҷуҳи Иштирокчиёни расмиёти хариди давлатӣ мерасонад, ки муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархостҳои тендерии довталабон мутобиқи муқаррароти қисми 3 моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор, ва хизматрасонӣ» то 7 марти соли 2019 соати 14.00 тамдид карда шудааст.

Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.

Расмиёти кушодани лифофаҳо бо дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи Комиссияи тендерӣ дар толори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 дар сана ва вақти боло зикргардида баргузор мегардад.

Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар расмиёти кушодани лифофаҳо пешниҳод мегардад.

 

 

Февраль 28, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш