Пагоҳ дар Душанбе китоби «Саҳрои бекаронаи таърих»-и нависанда Садриддин Ҳасанзода рӯнамоӣ мешавад

Февраль 26, 2019 14:43

ДУШАНБЕ, 26.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 феврали соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри нависанда Садриддин Ҳасанзода-маҷмӯаи очеркҳои публитсистӣ таҳти унвони «Саҳрои бекаронаи таърих», ки аз се ҷилд иборат аст, баргузор мешавад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҷмўаи мазкур бо илҳом аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориён» эҷод гашта, як навъ тафсири бобҳои алоҳидаи ин асарҳои безавол, ҳамчунин шарҳи баъзе аз бахшҳои асари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба шумор меравад.

Китоби мазкурро навъе аз пажўҳиш ва хулосабарориҳои журналистӣ номидан мумкин аст. Маҷмўаи очеркҳо зери назари академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, таҳрири муҳаққиқи шинохта Абдуқодири Рустам ва тавсияи Шўрои илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар нашрияи «Балоғат» соли 2019 ба чоп расидааст.

Ба иттилои манбаъ, китоби мазкур барои тарбияи хештаншиносӣ, ватандўстии насли ҷавони мамлакат ва эҳтироми онҳо ба фарҳанги ниёгон муфид аст.

Февраль 26, 2019 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд