Пагоҳ Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз, Агентии омор, Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 13.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Агентии омор соати 10:00 ва Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» соати 14:00 дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» нишасти матбуотӣ меороянд.
Хадамоти гумрук соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Хадамот ва Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 дар толори Вазорат ба саволҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд.
Роҳбарияти Кумитаи андоз бо намояндагони воситаҳои ахбори омма соати 15:00 дар Нозироти андозсупорандагони калони шаҳри Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Шамсӣ, 5/3 нишасти матбуотӣ мегузаронад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» ҷиҳати дар толори Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 223-10-98, 888-08-34-04) гузаронидани онҳо мувофиқа мекунанд.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






