Панҷ китоби тозанашр-туҳфа ба дўстдорони каломи бадеъ

Февраль 6, 2019 13:46

ДУШАНБЕ, 6.02.2019. /АМИТ «Ховар»/Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории судманд бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ин боргоҳи сухану адаб панҷ китоби тозанашру арзишманд: «Риёз-уш- шуаро»-и Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, (ҷилдҳои 1,2,3), «Маҷолис–ун нафоис»-и Алишери Навоӣ, «Лубобу-л-албоб»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, «Калимот-уш-шуаро»-и Муҳаммадафзали Сархуш ва «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавиро бо теъдоди 70 нусха тақдим намуд. Китобҳои мазкур бо сарсухани Вазири маориф ва илм, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Нуриддин Саид аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор ёфта, дастраси аҳли илму адаби тоҷик ва хонандагони сершумори фарҳангдӯст гардиданд.

 «Риёз — уш — шуаро»— асари  Муҳаммадалӣ Волаи Доғистонӣ, шоири хушбаён ва тазкиранигори номиест, ки нимаи авали ҳаёташ дар замони салтанати  шоҳони Сафавӣ дар шаҳри Исфаҳон ва Ҳинд сипарӣ гардидааст.

«Риёз-уш- шуаро»  аз ҷаҳор ҷилд иборат буда,  муҳаққиқи он Муҳсин Ноҷии Насрободӣ, баргардонанди матн  ба хатти кириллии тоҷикӣ доктор Мисбоҳиддини  Нарзиқул мебошанд.  Бояд гуфт, ки китоби «Риёз-уш- шуаро» тазкираи умумӣ буда, ба шоирони порсигӯйи аҳди қадим то замони муаллиф бахшида шудааст. Он аз нигоҳи адабию таърихӣ, бахусус сарчашмашиносӣ аз аҳамияти адабию илмии бузурге бархурдор аст. Фикри ҷамъоварӣ ва адвини тазкира ба зеҳни Вола дар Ҳиндустон пайдо шудааст. Ӯ, тавре ки худ ишора менамояд, бо мақсади «шод кардани хотири афсурда ва ёди дӯстони сухангустар»  ба ҷамъоварии байтҳои  дилнишини шоирон тасмим гирифта, асари мазкурро иншо кардааст.  Ба қавли муҳаққиқ, таълифи асар соли 1748  буда, шоир соли 1749 ба он баъзе матолиби дигар илова кардааст.  Ин маҷмӯа бори аввал  бо ҳуруфоти кириллии тоҷикӣ аз рӯи матни омодакарда  ва тасҳеҳу таҳқиқи Муҳсин ноҷии Нарободӣ ба табъ расидааст. Китоби мазкур барои муҳаққиқон, адабиётшиносон, аҳли маънӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони фанҳои забону адабиёт ва ҷамъи дӯстдорони каломи воло пешниҳод мешавад.

«Маҷолис- ун нафоис»- и Алишери Навоӣ аз муҳимтарин маъхазҳои адабиёти аҳди Темуриён (асри XV) мебошад, ки ба забони туркии чағатоӣ таълиф шуда, то имрӯз се маротиба ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума  шудааст.  Ба андешаи муҳаққиқон, хидмати Алишери Навоӣ дар муаррифӣ ва интишори адабиёти форсу тоҷик хеле бузург аст. Аз муҳимтарин хадамоти Мир Алишер дар интишори адабиёти форсизабони давр таълифи тазкираи «Маҷолис–ун-нафоис» мебошад.  Агарчи ин тазкира ба забони туркии чағатоӣ навишта шудааст, вале асосан шоирони форсизабонро муаррифӣ менамояд. Дар ин тазкира  Алишер Навоӣ  дар бораи қариб 500  шоири форсизабону туркигӯ маълумот додааст, ки аксари онҳо дар асри XV зиста, парвардаи мактаби адабии Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ мебошанд.

 «Лубобу–л-албоб»— тазкираи Муҳаммад Авфии Бухороӣ-нахустин тазкираи маҳфузмонда дар таърихи адабиёти халқи тоҷик дониста мешавад.  Ба қавли ҳолдонон, он нахустин маълумоти мукаммали марбут  ба таърихи адабиёти миллии моро аз асри XIII баён месозад.   Ба қавли муҳаққиқон,  асари мазкур бахусус оид ба адибони  асрҳои IX-XIII  маълумоти нодир медиҳад, ки арзишҳои бунёдӣ дорад. Зеро пас аз пошхӯрии давлати Сомониён ва нобасомониҳои сиёсии минбаъда ба тамоми соҳаҳои маънавӣ низ зарба зада шуд. Маҳз дар чунин авзои мураккаби сиёсӣ-таърихӣ тазкираи Авфии Бухороӣ рӯйи кор омадааст. Ин адабиётшиноси номдори тоҷик тавъам ба бисёр масоили назарияи адабиёти миллӣ ва нақди адабӣ, доир ба ҷараёни зиндагӣ, ному насаб, тахаллус ё исми адабии эҷодкорон, ки теъдоди онҳо дар «Лубобу- л- албоб»  сесад тан аст, маълумоти зарурӣ додааст.

«Калимот- уш — шуаро» асари шоир ва адиби маъруфи Ҳинд Муҳаммадафзали Сархуш буда, соли 1862 таълиф гардидааст. Он аз ҷумлаи тазкираҳои муҳиму арзишманд  дониста шуда, дар бораи ҳаёти адабии Шибҳи қораи  Ҳинд дар асри XVII ва нимаи  аввали асри XVIII, аҳволу осори суханварони он, танаввуъи равишҳо ва тамоюлҳои адабӣ, вазъи қолабҳои роиҷи шеър ва суннатҳои шеъру шоирии он замон маълумоти муфид ва муътамад медиҳад.  Ба андешаи муҳаққиқон, тазкираи «Калимот- уш-шуаро» аз лиҳози сохт ва муҳтаво дар пайравии  суннати тазкиранигории гузаштагон таълиф шудааст. Дар он дар бораи 177 шоир маълумот дода шудааст, ки дар фосилаи замони подшоҳии Ҷаҳонгиршоҳ  то Оламгир дар Ҳинд зистаанд ё ба Ҳинд омадаанд.

Дар маҷмӯъ «Калимот- уш — шуаро»-и  Муҳаммадафзали Сархуш барои омӯхтани ҳаёти адабии Шибҳи қораи Ҳинд, ҷузъиёти аҳволу осори намояндагони тавонони он, аз қабили Мирзо Абдулқодири Бедил, Мирзо Муҳаммадалии Соиби Табрезӣ, Толиби омулӣ ва амсоли онҳо арзиши муҳими сарчашмавӣ дорад. Ҳамзамон  ба василаи «Калимот- уш — шуаро»-и  Муҳаммадафзали Сархуш  дар бораи равишҳо ва ҷараёнҳои  адабии замони муаллиф дар Шибҳи қораи Ҳинд, вазъи жанрҳои адабӣ  ва мақоми жанрҳои алоҳида  дар эҷодиёти шоирон ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти адабии давр ошноӣ пайдо кардан мумкин аст.

«Туҳфаи сомӣ» тазкираи Абунаср Соммирзои Сафавӣ мебошад, ки дар нимаи асри XVI таълиф шудааст. Он дар хусуси аҳволи шоирон, муносибати ҳамдигарӣ ва офаридаҳои адабии эшон,  доираҳои адабӣ ва робитаҳои адабӣ бо иттилооти басо ҷолибу дақиқи худ сарчашмаи  муътамад мебошад. Он  инчунин роҷеъ ба авзои сиёсии замон, муносибатҳои ҷамъиятӣ, ҳодисаҳои гуногуни таърихӣ, урфу одатҳои мардум, маориф, тарзи тафаккуру  рӯҳу равони онҳо  ва ғайра низ маълумот медиҳад.

Тазкираи «Туҳфаи сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ аз ҷониби донишманд, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Бадриддин Мақсудов бо хатти тоҷикӣ баргардон карда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки асарҳои мазкур барои мутахассисони соҳаи филология, адабиётшиносон, устодону толибилмони мактабҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кулли дӯстдорони каломи бадеъ пешниҳод мешаванд. Хоҳишмандон имкон доранд дар кӯтоҳтарин фурсат китобҳои мазкурро аз толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2019 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт