Раёсати нахустини Тоҷикистон дар “Раванди Алмаато”

Февраль 14, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе муддати ду рӯз -12-13 феврали соли равон мизбони нишасти нахустини Гурӯҳи коршиносони техникии “Раванди Алмаато”- як ибтикори минтақавии байнидавлатии марбут ба муҳоҷират буд. Намояндагони мақомоти марбута аз Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ҳамчунин коршиносони Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар ин нишаст иштирок карда, роҷеъ  ба масоили муҳоҷират ва мушкилоти ҳимояи гурезагон дар Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои ҳаммарз муколама ва табодули иттилоот намуданд.

Раванди Алмаато доир ба ҳимояи гурезаҳо ва муҳоҷирати байналмилалӣ раванди минтақавии машваратӣ мебошад, ки чолишҳои муҳоҷират дар минтақаро бо роҳи ҳамкорӣ баррасӣ менамояд. Нишасти Душанбе аввалин чорабинии ин ибтикор аз соли таъсиси он- 2013 мебошад, ки таҳти Раёсати Тоҷикистон баргузор мегардад. Тоҷикистон Раёсати раванди Алмааторо барои солҳои 2019-2020 ба дӯш дорад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон аъзои Раванди Алмаато буда, Эрон ва Покистон дар он нозир мебошанд. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ) ва Намояндагии Раёсати Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон – Оҷонси СММ доир ба паноҳандагон (UNHCR) аз ҷониби СММ ба Раванди Алмаато кумаки техникӣ мерасонанд.

Кристина Транка, роҳбари дафтари СБМ дар Тоҷикистон мегӯяд: «Раванди Алмаато барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба ҳайси пойгоҳи муҳиме ҷиҳати идомаи муколама доир ба муҳоҷират ва ҳуқуқи муҳоҷирон хидмат менамояд. Ҳимояи муҳоҷирон, муқовимат ба савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, тарғиби ҳамгироии муҳоҷирон ва равишҳои бунёдии мудирияти муҳоҷират аз ҷониби ҳукуматҳо масоили муҳими соҳаи муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд. Раванди Алмаато коршиносони соҳаи муҳоҷиратро ба ҳам меорад, то онҳо ба тааври муштарак барои пешбурди муҳоҷирати амн иқдом намоянд».

Нишасти нахустини Гурӯҳи коршиносони фаннии Раванди Алмаато дар доираи лоиҳаи «Барномаи минтақавии муҳоҷират дар Осиё» баргузор шуд.

Февраль 14, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон Намоишгоҳи аксҳо таҳти унвони «Тоҷикистон дар масири рушду шукуфоӣ» ифтитоҳ гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
Дар Боку бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Лондон бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Теҳрон китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ба хатти форсӣ ба чоп расид
Дар Вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ нашр гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар қолаби ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Барномаи кишварии ЮНИСЕФ барои Тоҷикистон барои солҳои 2027-2030 қабул шуд
Дар Олмон зарфияти иқтисодию сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Теҳрон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир шуд