Резервати биосферии Ромит барои зиёд кардани гавазни бухороӣ мусоид мебошад
ДУШАНБЕ, 11.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Исматзода дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон ҷиҳати зиёд кардани популятсияи оҳуи бухороӣ чунин посух дод: «Тибқи супориши протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани гавазни бухороӣ 3 сар гавазн аз мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ба резервати «Ромит» оварда шуда, давоми 3 сол ба 15 сар расонида шуд. Ҳоло ин гавазнҳо ба муҳити резерват (минтақаи зист) мутобиқ шуда, нигоҳубини ин намуди ҳайвоноти нодир дар ҳолати хуб мебошад».
Ҳамчунин муовини директори Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Акрамов иброз дошт, ки «мақсади асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аст, ки ҳарчи зудтар популятсияи гавазни бухороиро дар экосистемаи резервати биосферии Ромит бояд барқарор кард. Хушбахтона, мо тавонистем дар резервати биосферии Ромит як парваришгоҳи замонавӣ таъсис диҳем».
Ба иттилои мавсуф, ҳоло дар ин парваришгоҳ зиёда аз 15 сар гавазн ба зист мутобиқ шудаанд. Айни замон 5 сар гавазни модинае, ки қобилияти наслдиҳӣ доранд, бордор буда, соли 2019 ин саршумор боз ҳам зиёд мешавад.
«Бояд зикр намуд, ки барои таҷриба 3 сар гавазни бухороӣ барои тадқиқот ба табиати ёбоии ин минтақа ба муддати 8 рӯз сар дода шуданд. Натиҷаи тадқиқот маълум намуд, ки гавазни бухороӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба қисмати системаи нимакӯҳӣ ва баландқӯҳи резервати биосферии Ромит хеле хос мебошад. Резервати биосферии Ромит ва экосистемаи ин минтақа барои зиёд кардани ин навъи гавазнҳо мусоид мебошад»,- зикр намуд Убайдулло Акрамов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






