Роҳбарияти донишкадаҳои соҳибкорӣ ва хизмат, тарбияи ҷисмонӣ, фарҳанг ва санъат ба саволҳои хабарнигорон посух доданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2019./АМИТ«Ховар»/. Дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳайати устодони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда, дар бораи сайёҳӣ китобу дастурҳои таълимӣ ба нашр расониданд. Инчунин дар ин сол дар Донишкада нахустин Форуми илмии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузор карда шуд. Дар ин бора муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Исломбек Хоркашов 5 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод зикр намуд.
Ба маълумоти номбурда, дар назди Донишкада инчунин Маркази рушди касбият ифтитоҳ гардид, ки мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла роҳбалад омода мекунад. Ҳамзамон дар ин сол дар Парки инноватсионию технологии Донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, заргарӣ, мутахассисони кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони чинӣ, курсҳои компютерӣ ташкил карда шуданд.
Дар айни ҳол донишкада мутахассисони соҳаи сайёҳиро дар самти «Сайёҳат ва меҳмондорӣ» ва «Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ» омода менамояд. Барномаи таълимии донишҷӯён аксаран аз фанҳои гуманитарӣ иборат аст. Кормандони ояндаи соҳаи сайёҳии кишвар илмҳои сиёсатшиносӣ, таърих, ҷамъиятшиносӣ ва адабиёти хориҷӣ меомӯзанд.
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва ба роҳ мондани низоми таълим тибқи талаботи меъёрӣ сохтори нав таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати фарҳанг тасдиқ гардид. Тибқи ин сохтор, якчанд кафедраи нав: бойгонишиносӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис ёфт. Ин нуктаро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори донишкада, профессор Хайриддин Идиев иброз дошт.
Ба иттилои номбурда, дар донишкада мувофиқи таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар зинаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳанг ва ҳунар ихтисосҳои нави драматургия, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ, Низоми иттилоотӣ дар фарҳанг таъсис ёфта, соли равон аз рӯи ин ихтисосҳҳо қабули довталабон сурат мегирад.
«Дар доираи татбиқи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон факултети санъати мусиқии мардумӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи пурраи низоми кредитии таълим синфхонаҳои лексионӣ бо воситаҳои техникии муосир таъмин гардиданд. Дар ин муддат дар ду ихтисоси донишкада – саёҳат-меҳмондорӣ ва рӯзноманигори телевизион гурӯҳҳои таълимии бо забонҳои русӣ ва англисӣ тадрисшаванда таъсис дода шуданд»,- гуфт Хайриддин Идиев.
Соли 2018 донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаҳои зиёди ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардиданд. Ин нуктаро ректори Донишкадаи мазкур Шодӣ Сафаров 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.
«Мояи ифтихор аст, ки яке аз хатмкардаҳои Донишкадаи мо Шаҳбоз Неъматуллоев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён дар шаҳри Элистаи Федератсияи Россия ҷойи аввалро ишғол намуда, Парчами Тоҷикистонро парафшон намуд»,- афзуд Шодӣ Сафаров.
Ба зикри номбурда, донишҷӯёни донишкада ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки дар ҷавоб ба дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат бо муваффақиятҳои нав Тоҷикистонро дар арсаи байналмлалӣ муаррифӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки варзишгари тоҷик Шаҳбоз Неъматуллоев моҳи сентябри соли 2018 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён дар Федератсияи Россия боксчии Россия Муҳаммадрасул Сулаймоновро мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон гардид.
Бояд тазаккур дод, ки яке аз дастпарваронии дигари донишкада Хушқадам Хусравов соли 2018 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо, ки дар Кохи варзиши «Sala Polivalenta»-и пойтахти Руминия–шаҳри Бухарест баргузор гардид, медали тилло ба даст овард.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






